Созмони гузоришгарони бидуни марз (RWB)дар гузориши муштараке бо Анҷумани хабарнигорони озоди Афғонистон эълон кард, ки аз замони ба қудрат расидани Толибон то кунун, 231 расона дар Афғонистон фаъолияташ қатъ шуда, 6400 хабарнигор ва ҳамкори расонаҳо кори худро аз даст додаанд. Ин гузориш мегӯяд, ки хабарнигорони зан бештарин осебро аз ин саркӯби расонаҳо дидаанд.
Гузоришгарони бидуни марз ва Анҷумани хабарнигорони озоди Афғонистон дар ин гузориши худ вазъи расонаҳо дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва даврони Толибон муқоиса карданд. Бар пояи ин гузориш, пас аз ба қудрат расидани Толибон, фишорҳо ба рӯзноманигоро афзоиш ёфтааст.
Дар миёнаҳои моҳи сентябр беш аз сад рӯзноманигори афғон дар номае аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки озодии баёнро дар Афғонистон наҷот диҳанд. Дар ин нома, ки "Рӯзноманигорӣ дар Афғонистон дар хатари нобудӣ аст", ном дошт, гуфта шуда буд, ки ҳамлаҳои пайдарпай ба фаъолони расонаӣ ва мудохилаи Толибон дар кори онҳо, сабаби бадтар шудани вазъияти озодии баён дар ин кишвар шудааст.
Гузориши муштараки Созмони гузоришгарони бидуни марз ва Анҷумани хабарнигорони озоди Афғонистон ҳамчунин аз "дигаргунии асосӣ дар арсаи расонаии Афғонистон" пас аз ба қудрат расидани Толибон сухан мегӯяд.
Бар пояи ин гузориш, аз 543 расонаи фаъоли пеш аз ҳукумати Толибон, танҳо 312 расона ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Ин ба он маъно аст, ки дар чанд моҳи гузашта 43 дарсади расонаҳо дар Афғонистон аз кор мондаанд.
Қисми зиёде аз расонаҳо, расонаҳои маҳаллӣ будаанд. Тавре дар гузориш омадааст, барои мисол, дар вилояти Ҳирот аз 51 расона танҳо 18 расона ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Яъне, наздик ба 65 дарсади расонаҳо кори худро қатъ кардаанд ва дар Кобул низ, ки бештарин шумораи расонаҳои Афғонистонро дошт, имруз аз ду расона, яке ғайри фаъол аст.
Ин гузориш далели осебпазир будани хабарнигорони зан дар Афғонистони зери ҳукумати Толибон мебошад. Тибқи омори ба дастомада, аз 2490 зан, ки пеш аз омадани Толибон дар расонаҳо кор мекарданд, акнун танҳо 410 зан ба кори худ идома медиҳанд. Ин ба он маъно аст, ки 84 дарсади ин занон кори худро аз даст додаанд.
https://www.ozodi.org/a/31620627.html